Маросими супоридани эътимоднома ба Президенти Туркманистон

05.07.2023 10:38

28 июни соли 2023 сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Ниятбекзода Вафо Алибек ба Президенти Туркманистон эътимоднома супорид.

Сафири Тоҷикистон дуруду таманниёти неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов расонид.

Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

https://mfa.tj/tg/main/view/12895/marosimi-suporidani-etimodnoma-ba-prezidenti-turkmaniston

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg