8 апрели соли 2023 мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини якуми Сарвазир, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Сербия Ивитса Дачич сурат гирифт.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва сайёҳӣ баррасӣ гардида, ҳавасмандии ҷонибҳо барои рушди минбаъдаи муносибатҳо дар соҳаҳои мавриди назар иброз шуд.
Ҳамсуҳбатон истифодаи имконоти абзорҳои дуҷониба, аз ҷумла Кумитаи байниҳукуматии Тоҷикистону Сербияро оид ба тиҷорат, ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ дар тавсеаю таҳкими ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар муҳим арзёбӣ карданд.
Мавзӯи шарокат дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҳамчунин дастгирии ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар меҳвари гуфтугӯи ҷонибҳо қарор гирифт.
https://mfa.tj/tg/main/view/12448/muloqoti-vazironi-korhoi-khorijii-tojikiston-va-serbiya

