Оид ба сафари расмии муовини раиси Девони вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Р.Мередов ба Тоҷикистон

09.03.2023 15:54

Бо даъвати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин 8-9 марти соли 2023 муовини раиси Девони вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф меоварад.
Вазири корҳои хориҷии Туркманистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфта мешавад.
Дар доираи сафар мулоқоти роҳбарони мақомоти сиёсати хориҷии Тоҷикистону Туркманистон дар назар аст. Дар рафти музокирот вазирон масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаро бо назардошти мулоқоти дарпешистодаи сатҳи олии Тоҷикистону Туркманистон, ки моҳи апрели соли ҷорӣ дар назар аст, муфассал баррасӣ хоҳанд кард. 
Дар ҳайати вазири корҳои хориҷии Туркманистон намояндагони Бонки марказӣ, Вазорати маориф, Агентии нақлиёт ва коммуникатсия, Палатаи савдо ва саноат ва дигар идораҳо шомиланд.

https://mfa.tj/tg/main/view/12214/oid-ba-safari-rasmii-muovini-raisi-devoni-vaziron-vaziri-korhoi-khorijii-turkmaniston-rmeredov-ba-tojikiston

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg