29 майи соли 2022 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон бо иштироки ҳамватанони бурунмарзии муқими Туркманистон чорабинӣ бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Ф.Шарифзода дар баромади худ аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки барои мустаҳкам кардани ҳокимияти давлатӣ, ташаккули истиқлолияти миллӣ ва муайян кардани раванди рушди ҷомеа замина гузоштааст, қайд кард.
Сафир ба иштирокчиён дар хусуси нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу субот дар кишвар, инчунин рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон нақл кард. Қайд гардид, ки Тоҷикистон давоми 30 соли истиқлолият дар партави сиёсати хирадмандона ва ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи байналмилалӣ барои худ касб намояд.
Дар чаҳорчӯби чорабинӣ аксҳои бойгонии рафти Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳи минбаъдаи амалисозии қарорҳои тақдирсози иҷлосия, китобҳои Президенти кишвар, асарҳо ва лавҳаҳо бахшида ба фаъолияти пурсамари Рохбари давлат ба маърази тамошо гузошта шуданд.


