3 марти соли 2022 дар ҳошияи Конфронси байналмилалии зиддитеррористии Тошканд вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Муҳриддин бо Муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон Вепа Ҳоҷиев баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили васеи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба миёни Тоҷикистон ва Туркманистон, инчунин дурнамои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судмандро мавриди баррасӣ қарор доданд.
