Мулоқот бо ноиби губернатор-раиси Ҳукумати вилояти Саратов Стрелюхин А. М.

12.09.2019 13:55

Санаи 6 сентябри соли равон дар доираи Ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои ҳамватанонамон дар шаҳри Саратов барпо шуд мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфаи Федератсияи Россия Эмом С.Д. бо ноиби губернатор-раиси Ҳукумати вилояти Саратов Стрелюхин Александр Михайлович баргузор гардид.

111-1024x768.jpg

 

Дар оғози мулоқот Консули генералӣ ба ноиби губернатор — раиси Ҳукумати вилояти Саратов Стрелюхин А.М. барои баргузории мулоқот ва пазироӣ самимона миннатдорӣ баён намуда, баъдан Стрелюхин А.М.-ро, ки ба қариби ба мақоми ноиби губернатор-раиси Ҳукумати вилояти Саратов таъин гардида буд табрик гуфта, дар фаъолияти пурмасъулияташон бурдбориҳо орзу намуд.

Дар мулоқоти мазкур аз ҷониби Ҳукумати вилояти Саратов инчунин, вазири сиёсати дохилӣ ва муносибатҳои ҷамъиятӣ Трошина Н.В., вазири рушди иқтисоди вилоят Швакова Ю.А.,  роҳбари Намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия дар шаҳри Саратов Пустовая Н.В., роҳбари маорифи шаҳри Саратов Исаев М.А. ва раиси шӯрои кории тоҷикистону-россия дар назди Палатаи савдову саноати Федератсия Россия директори генералии ҶСП «Трозла» Ключарев С.А. иштирок намуданд.

IMG-0010-1024x768.jpg

 

Баъди хайру мақдам ноиби губернатор — раиси Ҳукумати вилояти Саратов Стрелюхин А.М. оид ба дастовардҳои имрӯзаи вилояти Саратов  дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла иқтисодиёт, нақлиёт, саноату савдо, ва маорифу фарҳанг суҳбат намуд ва муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Саратовро дар соҳаҳои маорифу фарҳанг, иқтисоду савдо  мусбат арзёбӣ карда, иброз намуд, ки дар оянда низ ҷиҳати рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд қадамҳои устувортар хоҳем гузошт.

Дар навбати худ Консули генералӣ дар робита ба рушди ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Саратов дар соҳаҳои иқтисодиёту нақлиёт, саноат ва энергетика, маорифу фарҳанг ва сайёҳӣ ибрози назар намуда, ҷиҳати андешидани чораҳои зарурӣ барои ҷалби соҳибкорони ҳарду кишвар баҳри ҳамкориҳои муштарак даъват ба амал оварданд.

Дар идомаи суҳбат оид ба рафти иҷрои меморандуми байни Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Ҳукумати вилояти Саратов, Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Ҳукумати вилояти Саратов, ки оид ба ҳамкориҳо дар соҳаҳои саноат, нақлиёт, сохтмон, хоҷагии зисти коммуналӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ ба имзо расида шуда буд, суҳбат гузаронида шуд.  

IMG-0015-1024x768.jpg

 

Дар фарҷоми суҳбат ҷонибҳо аз ҳамкориҳои феълии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Саратов изҳори қаноатмандӣ намуда, ба рушду тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунсоҳаи мутақобилан судманд ва ташвиқи бештари сармоягузории таъкид намуданд.

Галерея

Календарь

  • business-portal_thumb.jpg