Таҷлили ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон дар шаҳри Москва

28.08.2025 19:22

Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба ифтихори таҷлили 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар медиа-фасадҳои биноҳои баладошёнаи шаҳри Москва ва фурудгоҳҳои шаҳри Москва, аз ҷумла фурудгоҳи Домодедово ва Внуково Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш дода мешавад.

Ҳамчунин, бегоҳи рӯзи 9 сентябри соли ҷорӣ дар хиёбони Арбат ба ифтихори ин санаи фархунда Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш дода мешавад.

Галерея

Календарь

  • business-portal_thumb.jpg