23 апрели 2024 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорат бо иштироки аъзоёни Шӯро ва роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятӣ-фарҳангии Ҳавзаи Марказии Россия, аз ҷумла шаҳри Москва, Химки, Владимир, Калчугина, Калуга, Ярослав, Липетск, Иванова, ва инчунин намояндагиҳои вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия баргузор гардид.
Дар қисмати аввали ҷаласа мулоқоти аъзоёни фаъоли Шӯро, рохбарони диаспораҳо бо масъулини Сарраёсати мубориза бо гардиши маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилии Россия сурат гирифта, масоили тақвият бахшидани ҳамкориҳои муштарак ҷиҳати расонидани корҳои фаҳмонидадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Россия ва роҳҳои пешгирӣ аз ин вабои аср муҳокима карданд. Иштирокдорон, аз ҷумла ҳуқуқшиносон ва ҳимоячиёни Шӯро ба масьулини мақомоти дахлдор пурсиш ва пешниҳодҳои худро сари ин мавзӯъ матраҳ намуданд.
Дар қисмати дуюми ҷаласа Сафири Тоҷикистон дар Россия оид ба нишондодҳои пешрафти аввали соли 2024 дар соҳаи иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳозирин маълумоти муфассал доданд. Инчунин, Сафир вазъи муҳоҷиратро дар кишвари иқомат мавриди муҳокима қарор дода, аз роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятиву фарҳангӣ даъват ба амал овард, ки бештар бо нишон додани симои аҳли зиё ходимони илму фарҳанг ва баргузории чорабиниҳои илмиву фарҳангӣ ҳуввияти миллиро дар расонаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ муаррифӣ намоянд.
Ҳамзамон, роҳбари намояндагии дипломатӣ таъкид кард, ки муҳоҷирони меҳнатӣ бояд дар чаҳорчубаи қонунгузорӣ расман дар кишвари иқомат бояд фаъолияти меҳнатӣ намоянд, зеро вобаста ба раванди муҳоҷирати меҳнатӣ мунтазам тағйиру иловаҳо дар қонунгузории Россия ворид гардида, аз роҳбарони диаспораҳо дар ҷараёни мутобиқшавии шаҳрвандон ба ин тағйироту иловаҳои қонунгузори дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ мусоидат ва кӯмакҳои ҳуқуқии худро бояд расонанд.
Дар фарҷоми ҷаласа иштирокдорон пурсишу пешниҳодҳои худро вобаста ба вазъи мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ манзур намуданд.