Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки 7 феврали соли 2024 бо Қарори Ҳукумати Федератсияи Россия №135, ҳазориспанд ва шаш намуди дигар растаниҳо, аз ҷумла, “Банистериопсис каапи (намуди растании Banisteriopsis caapi)”, “Ҳазориспанд (гуруҳи растаниҳои Peganum)”, “Ибога (намуди расатнии Tabernanthe iboga)”, “Ҷалоли субҳи серанга (намуди расатнии Ipomoea tricolor)”, “Садбарги ҳавайӣ (Argyreia nervosa)” ва “Турбинаи сипаршакл (растании намуди Turbina corymbosa)” ба рӯйхати растаниҳои дорои моддаҳои нашъадорӣ, психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо шомил карда шуданд.
Мутобиқи моддаи 231 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия ҳолатҳои воридотӣ, нигоҳдорӣ ва кишти онҳо дар ҳудуди Федератсияи Россия, инчунин дарёфт гардидани онҳо то 10 бутта аз растаниҳои болозикр ҷавобгарӣ барои шахсони воқеӣ 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ ё 5 ҳазор рубл ҷарима ва аз 100 бутта зиёд, ки ҳаҷми махсусан калон дониста мешавад, ҷавобгарии ҷиноятӣ то 8 сол маҳрум аз озодӣ муайян карда шудааст.
Аз ин рӯ, аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки аз воридоти ин навъи растаниҳо ба ҳудуди Федератсияи Россия худдорӣ намоянд.
http://publication.pravo.gov.ru/document/0001202402090045?pageSize=100&index=1#print