20 феврали соли 2024 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия мулоқоти маҷозии раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода Аҳмад бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишгоҳҳои Федератсияи Россия таҳсил менамоянд, баргузор гардид.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш иброз доштанд, ки ҷавонон ба таври ҳамешагӣ дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бояд дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа бо рафтору гуфтор, донишу малака ва фаъолияти назаррас намуна бошанд.
Ҳамзамон, З. Гулаҳмадзода дар самти сиёсати давлатии ҷавонон ва рушди соҳаи варзиш, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” ва Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 изҳори назар намуданд.
Инчунин, раиси Кумита оид ба иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фестивали ҷаҳонии ҷавонон, ки 1-7 марти соли 2024 дар шаҳри Сочи баргузор мегардад, ёдовар шуд. Зикр карда шуд, ки дар чорабинии мазкур аз Тоҷикистон 270 нафар ширкат хоҳанд варзид.
Дар охири мулоқот, ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои даст задани ҷавонон ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳаргуна ҷиноятҳо, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонон маълумотҳо дода шуданд.