Вохӯрии намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сафорат

02.11.2023 18:28

        

31 октябри соли 2023 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия вохӯрии намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони ҷавони Сафорат ва донишҷӯёни тоҷики дар шаҳри Москва таҳсилдошта баргузор гардид.

Зимни суҳбат ба ҳозирин дар бораи тарбияи ҷавонон дар руҳияи арзишҳои башарӣ, дӯст доштани Ватан, тарбияи шахсияти сатҳи баланди ахлоқӣ, худогоҳии миллӣ, ҳисси шаҳрвандӣ ва дигар мавзӯъҳо, аз қабили рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар марҳалаи кунунӣ маълумоти муфассал манзур гардид.

 Ҳамчунин нақши назарраси ҷавонон дар рушду шукуфоии минбаъдаи кишварамон қайд карда шуд.

Ҳамзамон зимни суҳбат бо донишҷӯён муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”  тавзеҳ дода шуд.

Дар рафти вохӯрӣ масоили мавриди таваҷҷуҳи ҷавонони тоҷик низ баррасӣ гардид.

Дар анҷоми мулоқот  кормандони  ҷавони намояндагии дипломатӣ ва донишҷӯёни фаъоли тоҷик бо сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Галерея

Календарь

  • business-portal_thumb.jpg