Иштироки донишҷӯёни тоҷик дар Форуми байналмилалии ҷавонон дар шаҳри Москва

25.10.2023 11:43

24 октябри соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии забоншиносии шаҳри Москва Форуми 3-юми байналмилалии ҷавонон таҳти унвони “Дӯстии халқҳо” бо иштироки ҷавонон ва донишҷӯёни давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳии форум Ректори Донишгоҳи давлатии забоншиносии Москва, намояндагони  Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия, сафоратҳои давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, диаспораҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. 
Дар форуми мазкур донишҷӯёни тоҷик аз донишгоҳҳои шаҳри Москва фаъолона ширкат варзида,  фарҳангу санъати волои Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ карданд. 
Мавриди зикр аст, ки форум ба таҳкими равобити дӯстона миёни  созмонҳои ҷавонони давлатҳои иштирокдори ИДМ равона гардидааст.
Дар қисмати дигари форум панели мубоҳисавӣ дар мавзӯи «Диаспора ва муоширати байнифарҳангиву иртибот миёни наслҳо: мерос ва ояндаи умумӣ» доир шуд.
Гуфтан ба маврид аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии кишварамон бо талошу дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши ҷавонон дар сиёсат, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ  баръало эҳсос мегардад. Ҷавонон имрӯз соҳиби саводи баланд, касбу кори гуногун буда, дар пешрафти илму техника, ихтироъкориву навоварӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Баргузории чунин форумҳо метавонад дар таҳкими дӯстӣ ва ҳамкориҳои манфиатбахш миёни донишҷӯёни тоҷик ва донишҷӯёни давлатҳои  дигари иштирокдори ИДМ мусоидат намояд.

Галерея

Календарь

  • business-portal_thumb.jpg