Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони  Ҷумҳурии Тоҷикистон!

24.06.2023 10:37

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ҳамватанонро ҳушдор медиҳад, ки бо дарназардошти таҳдид ба вазъияти амниятӣ дар кишвари иқомат, аз сафари ғайримақсаднок ба минтақаҳои наздисарҳадии Россия бо Украина  худдорӣ намоянд. 

Ҳамчунин аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки ба ҷойҳои ҷамъиятии серодам ва чорабиниҳои оммавӣ,  хусусан бо истифода аз нақлиёти шахсии худ, нараванд. 

Барои гирифтани маълумоти бештар шаҳрвандони кишварамон метавонанд ба Сафорат ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳрҳои Екатеринбург, Новосибирск, Санкт-Петербург ва Уфа муроҷиат намоянд.  

Галерея

Календарь

  • business-portal_thumb.jpg