Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандӣ» шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсе ҳисоб меёбад, ки дар рӯзи қабули Конститутсия (6.11.1994) шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад ва ё шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мувофиқи ҳамин қонуни конститутсионӣ соҳиб шуда бошад.
Мансубияти шаҳрванди Тоҷикистон ба шаҳрвандии давлати дигар, бо истисно аз мавридҳое, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандӣ» ва шартномаҳои байнидавлатии Тоҷикистон нишон дода шудаанд, эътироф намегардад.
Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- шаҳодатнома дар бораи таваллуд (то соҳиб шудан ба шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон);
- дигар ҳуҷҷате, ки мансубияти шахси мазкурро ба шаҳрвандии ҶТ шаҳодат медиҳад;
Тартиби соҳиб шудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавридҳои зерин ба даст оварда мешавад:
- аз рӯзи таваллуд;
- аз рӯи тартиби бақайдгирии он;
-дар натиҷаи қабул ба шаҳрвандӣ;
-дар натиҷаи барқарор намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-бо роҳи интихоби шаҳрвандӣ дар мавриди тағйир ёфтани мансубияти давлатии қаламрав ва бо дигар асосҳое, ки шартномаҳои байналмиллалии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд;
-ба воситаи дигар асосҳое, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандӣ» пешбинӣ намудааст;
Муайян кардани шаҳрвандии кӯдакон
а) Кӯдаке, ки волидонаш ҳангоми тавлид ёфтани ӯ шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро доро ҳастанд, новобаста аз ҷои таваллуди кӯдак шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб меёбад.
б) Дар мавриди гуногун будани шаҳрвандии волидони кӯдак:
- агар яке аз волидон ҳангоми таваллуд шудани кӯдак шаҳрвандии ҶТ-ро доро бошад, кӯдак шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб меёбад;
-агар кӯдак дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд ёфта бошад;
-агар кӯдак берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шуда бошад, вале волидони кӯдак ва ё яке аз онҳо дар ин вақт дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷои истиқомати доимӣ дошта бошанд.
в) Ҳангоми гуногун будани шаҳрвандии волидони кӯдак, ва қарор доштани яке аз онҳо дар вақти таваллуди кӯдак дар шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истиқомати онҳо берун аз қаламрави ҶТ, шаҳрвандии кӯдаке, ки берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд ёфтааст тавассути шартномаи хатии волидон муайян мегардад.
г) Кӯдаке, ки яке аз волидонаш ҳангоми таваллуди кӯдак шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро доро буда, дигарӣ мақоми бидуни шаҳрвандӣ дошта, ё умуман шахсияташ номаълум аст, новобаста аз ҷои таваллуд шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро доро мебошад.
д) Дар ҳолати маълум намудани падари кӯдаке, ки модараш шахси бешаҳрвандӣ аст, вале падараш шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудааст, кӯдаки ба синни 14 солагӣ нарасида, новобаста аз ҷои таваллудаш шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб мешавад.
е) Кӯдаке, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шахсони бешаҳрвандӣ таваллуд ёфтааст, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
ё) Кӯдаке, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иқомат дорад, вале волидайнаш номаълуманд, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб меёбад.
ж) Кӯдаке, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз волидони дар шаҳрвандии дигар давлат қарордошта таваллуд ёфтааст, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб меёбад, агар ин давлатҳо ба кӯдак шаҳрвандии худро надиҳанд.
Соҳиб шудани шахрвандӣ бо тартиби ба қайд гирифтани он
Бо тартиби ба қайд гирифтан шахсони зерин ба шаҳрвандӣ соҳиб шуда метавонанд:
а) шахсоне, ки ҳамсар ё хешовандони бевоситаи ӯ шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб ҳастанд;
б) шахсоне, ки ҳангоми таваллуд ақаллан яке аз волидайнашон шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб буданд, вале дар асоси макони таваллуд дар муддати 5 сол баъди ба синни 18 солагӣ расидан шаҳрвандии дигар давлатро гирифтаанд;
Қабул ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шаҳрвандони кишварҳои дигар ва шахсони бешаҳрвандӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандӣ» метавонанд дар асоси дархосташон ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шаванд.
Қарор нисбат бо дархостҳо оид ба қабул намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мегардад.
Шартҳои қабул ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро шахсе, ки ба синни 18 солагӣ расида ва дар шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор надорад, новобаста аз ҳолати иҷтимоӣ, мансубияти миллию нажодӣ, ҷинс, маълумот, забон, муносибат ба дин, ғояҳои сиёсӣ ва ғайра, соҳиб шуда метавонад.
Шарти муқаррарии соҳиб шудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин иқомати доимӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад:
-барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ ҳамагӣ панҷ сол ва ё се сол мунтазам то муроҷиати бевосита тавассути дархост;
-барои шахсоне, ки дар асоси қонун ва шартномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси гуреза эътироф шудаанд, мӯҳлатҳои нишондодашуда ду маротиба ихтисор мегарданд. Мӯҳлати иқомат дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қатънашаванда маҳсуб меёбад, агар шахс ба хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил ва ё муолиҷа ба муддати на зиёда аз се моҳ хориҷ шуда бошад.
Ҳолатҳое, ки соҳиб шудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро осон мегардонанд:
-доштани шаҳрвандии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ;
- ба фарзандӣ қабул намудани кӯдаке, ки шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб аст;
-ноил шудан ба муваффақиятҳои баланд дар соҳаи илму техника ва фарҳанг, инчунин соҳиб будан ба касб ё ихтисосе, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиат дорад;
- хизмат дар назди халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизмат дар амалӣ намудани ғояҳо ва арзишҳои умумибашарӣ;
- соҳиб шудан ба паноҳгоҳ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- собиқан соҳиб будани шахс ё яке аз хешовандони бевоситаи ӯ ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- бо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон никоҳ доштан;
Асосҳо барои рад намудани қабул ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дархост дар бораи қабул намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳое рад карда мешаванд, ки агар шахси дархосткунанда:
- барои ба таври иҷборӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намояд;
- узви ҳизбҳо ва созмонҳое бошад, ки фаъолияти онҳо хилофи принсипҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд;
- барои амалҳое, ки аз тарафи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъқиб мегарданд маҳкум шуда, аз озодӣ маҳрум аст;
- дар ҳолати мавҷуд набудани созишномаи байнидавлатӣ оиди шаҳрвандии мутақобила, шаҳрвандии кишвари дигарро соҳиб аст;
Барқарор намудани мансубият ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо тартиби ба қайд гирифтан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор карда мешаванд:
- шахсоне, ки шаҳрвандии онҳо дар натиҷаи ба фарзандӣ қабул намудан ё барқарор намудани парасторӣ қатъ гаштааст;
-шахсоне,ки шаҳрвандии онҳо дар натиҷаи тағйир ёфтани шаҳрвандии волидонашон, дар муддати панҷ соли баъд аз ба синни ҳаждаҳсолагӣ расиданашон қатъ гаштааст;
Собиқ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бидуни изҳори розигии озодона аз шаҳрвандӣ маҳрум карда шудаанд ё онро аз даст додаанд, ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон барқароршуда ҳисоб меёбанд;
Салоҳияти Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили шаҳрвандӣ
Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти салоҳиятдори зериидоравии он:
а) аз шахсони дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунанда ариза ва дархостҳоро оид ба масоили шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул менамоянд;
б) далел ва ҳуҷҷатҳоеро, ки барои асоснок намудани аризаву дархостҳо оиди масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда, тафтиш менамоянд;
в) дархостҳо оид ба масоили шаҳрвандиро бо ҳуҷҷатҳои дахлдор ба Комиссия оид ба масъалаҳои шаҳрвандии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол менамоянд;
г) мансубияти шахсонеро, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иқомат мекунанд, ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд.
Салоҳияти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатӣ, ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили шаҳрвандӣ
Вазорати корои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
а) аз шахсоне, ки берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иқомат мекунанд аризаву дархостҳоро оид ба масоили шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул менамоянд;
б) далел ва ҳуҷҷатҳоеро, ки барои асоснок намудани аризаву дархостҳо оиди масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшуда, тафтиш менамоянд;
в) дархостҳо оид ба масоили шаҳрвандиро бо ҳуҷҷатҳои дахлдор ба Комиссия оид ба масъалаҳои шаҳрвандии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол менамоянд;
г) мансубияти шахсонеро, ки берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иқомат мекунанд, ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян месозанд;
д) шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба таври доимӣ берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иқомат мекунанд, ба ҳисоб мегиранд;
е) аризаи шахсони берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иқомат доранд, оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи муқаррароти Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандӣ», ба қайд мегиранд.
Тартиби супоридани ариза ва дархостҳо оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
Ариза дар бораи ба қайд гирифтани тағйири шаҳрвандӣ ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳалли зисти дархосткунанда супорида мешавад, берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон (аризаҳои шахсоне, ки ба таври доимӣ дар хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон иқомат доранд) ба намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешаванд.
Дархостҳо оид ба масъалаҳои шаҳрвандӣ ба номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи мақомоти корҳои дохилии маҳалли зисти дархосткунанда, берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз тарафи шахсоне, ки берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иқомат доранд) ба воситаи намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешаванд.
Шакли ариза ва дархостҳо оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ариза ва дархостҳо оид ба масоили шаҳрвандӣ ба таври хаттӣ супорида мешаванд. Розигии шахси муроҷиаткунанда барои соҳиб шудан, қатъ кардан, нигоҳ доштан ваё тағйири шаҳрвандӣ кардан бояд дар шакли хаттӣ бошанд. Имзои зери ҳуҷҷат бояд ба тариқи нотариалӣ тасдиқ карда шавад. Имзоҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз қаламрави он истиқомат доранд, аз тарафи намояндагиҳои дипломатӣ ва ё муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
Агар аризадиҳанда бо сабаби бесаводӣ ва ё нуқсони ҷисмонӣ зери ариза ва ё дархост имзо гузошта натавонад, пас бо хоҳиши ӯ аз тарафи шахси дигар (боваринок?) имзо гузошта мешавад ва дар ин бора қайди нотариалии дахлдор сабт карда мешавад. Берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт дар ариза ва ё дархост аз тарафи намояндагиҳои дипломатӣ ё муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
Хулоса ва пешниҳодҳое, ки оид ба масъалаҳои шаҳрвандӣ аз тарафи Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати корҳои хориҷӣ тайёр карда мешаванд, бо дигар ҳуҷҷатҳои лозимӣ ба Комиссия оид ба масоили шаҳрвандии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мегарданд.
• Мӯҳлати супоридан ва баррасии аризаву дархостҳо оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мӯҳлати баррасии аризаҳо оид ба масъалаҳои шаҳрвандӣ набояд зиёда аз шаш моҳ, дархостҳо - на зиёда а нӯҳ моҳ тӯл кашад.
Мӯҳлати супоридани ариза оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо сабабҳои узрнок соқит гаштааст, метавон дар асоси дархости аризадиҳанда аз тарафи Комисияи оид ба масъалаҳои шаҳрвандии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дароз карда шаваад.
• Санаи соҳиб шудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи қабули қарор аз тарафи мақомоти салоҳиятдор ва ё интишори Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст овардашуда ва ё қатъгашта, ба ҳисоб меравад.