25 марти соли 2022 дар шаҳри Берлин бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз бо шукуҳу шаҳомати хос ва дар фазои мутантан таҷлил карда шуд.
Дар чорабинии ҷашнӣ ҳамватанони муқими Олмон, доираҳои илму фарҳанг, намояндагони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, кормандони васоити ахбори омма ва дӯстони Тоҷикистон ширкат доштанд.
Шоми ҳамон рӯз маҳфили фарҳангии муштарак бо Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Берлин бо иштироки намояндагони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, аз ҷумла Эрон ва Афғонистон, форсизабонони муқими Олмон ва доираҳои илмиву адабӣ баргузор гардид.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомудин Сатторов ва Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуд Фарозандеҳ ҳозиринро бо навиди бахту саодат - Наврӯзи Ҷамшедӣ ва баҳори Хуршедӣ самимона табрик ва хайрамақдам гуфтанд.
Барномаи рангини консертӣ бо иштироки ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлатманд Хол барои меҳмонон таассуроти хотирмон ва дилнишин боқӣ гузошт.
Баъд аз анҷоми қисмати фарҳангӣ ба меҳмонон дастархони наврӯзӣ бо анвои гуногуни хӯрокҳои миллии тоҷикӣ ороста шуд.