Мулоқот бо Роҳбари Маркази минтақавии СММ

26.06.2015 03:22

25 июни соли 2015 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Намояндаи вежаи Дабири кулли СММ, Роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ Петко Драгановро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои минтақавӣ дар самтҳои амниятӣ, иқтисодӣ, нақлиётӣ, муҳитизистӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ шуданд.

Мулоқот бо Роҳбари Маркази минтақавии СММ

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим