17 феврали соли 2022 дар Қасри Белвю Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Германия Имомудин Сатторов ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Германия Франк-Валтер Штайнмайер эътимодномаи худро супорид.
Дар маросим Сафири Тоҷикистон паёму дуруд ва таманниёти неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти федеролии Германия расонид.
Пас аз маросими эътимодномасупорӣ вохӯрии Президенти федеролии Германия бо Сафири навтаъйини Тоҷикистон доир гардид, ки зимни он ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба, инчунин маҷмӯи масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҳамкориҳои дуҷониба ва байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Франк-Валтер Штайнмаер Сафири Тоҷикистонро бинобар ба ин вазифа таъйин шуданаш табрик ва ба ӯ дар пешбурди фаъолияташ барору комёбиҳо таманно кард.
Вохӯрӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум доир гардид.