15 феврали 2022 вохӯрии Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо Роҳбари Намояндагии Комиссари Олии СММ оид ба паноҳандагон (UNHCR) дар Тоҷикистон Мулугета Зевдӣ бо дархости он ҷониб баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо дар бораи самтҳои муҳимми ҳамкориҳои Тоҷикистон бо UNHCR, аз ҷумла мусоидат ба паноҳандагон ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули назар карданд.
