Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Ноиби Президенти Бонки Ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ

18.06.2015 04:02

17 июни соли 2015 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Ноиби Президенти Бонки Ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Лора Так барпо гардид.

Зимни мулоқот ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ, аз ҷумла дастгирии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо аҳамияти ҳамкориҳои минтақавӣ, бахусус лоиҳаи CASA-1000 ва пайгирии стратегияи ҳамкории Бонкро таъкид намуданд.

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ  бо Ноиби Президенти Бонки Ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим