Сафари Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ИМА

13.06.2015 16:47

14-18 июни соли 2015 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷидин Аслов ҷиҳати иштирок дар панҷумин даври Машваратҳои сиёсӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳида Амрико, ки 16 июни соли 2015 дар шаҳри Вашингтон баргузор мегардад, ба ИМА сафар менамояд.

Дар рафти Машваратҳои сиёсӣ ҳайатҳои Тоҷикистон ва ИМА масъалаҳои васеи муносибатҳои дуҷонибаи мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро муҳокима хоҳанд кард.

Зимни сафар инчунин як зумра мулоқотҳои баландпояи дуҷониба дар назар гирифта шудааст.

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим