10 июни соли 2015 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Мудири Раёсати СММ оид ба ҳамоҳангии масъалаҳои гуманитарӣ (ОСНА) дар Женева Рашид Халиков баргузор гардид.
Зимни мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ОСНА дар соҳаи масъалаҳои башардӯстона мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо оид ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба натиҷагирӣ аз татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», ки айни замон дар ш.Душанбе баргузор гардида истодааст, мубодилаи афкор намуданд.
