Мулоқот бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо

10.06.2015 11:27

10 июни соли 2015 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Петер Буриан баргузор гардид.

Дар оғози вохӯрӣ Петер Буриан миннатдории худро ба Вазири корҳои хориҷӣ барои баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт 2005-2015” дар Душанбе изҳор намуд.

Зимни вохӯрӣ равандҳои муҳимми ҳамкории дуҷонибаи миёни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон, амният ва масъалаҳои муҳимми минтақавӣ; масъалаҳои обу нерӯ ва дигар масъалаҳои мутақобилан судманд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар мулоқот Сафири Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар  Тоҷикистон Хидайет Бишевич низ ҳузур дошт.

Мулоқот бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо

 

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим