Тақдими нусхаи эътимодномаи Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон

21.01.2022 16:26

21 январи 2022 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим нусхаи эътимодномаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошиҳиро Аикиро қабул кард.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба, дурнамои густариши ҳамкорӣ байни кишварҳо ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули назар намуданд.

Муовини вазири корҳои хориҷӣ Сафири нави Ҷопонро ба муносибати ба ин вазифа таъйин шуданаш табрик намуда, ҷиҳати пешбурди фаъолияти дипломатияш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон комёбиҳо таманно намуд.

DFM-F-Salim-Ambassador-of-Japan-21-01-2022-1.jpg

DFM-F-Salim-Ambassador-of-Japan-21-01-2022-3.jpg

Нигористон

Тақвим