Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия

20.01.2022 16:22

19 январи 2022 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар мулоқоти анъанавии сафирони давлатҳои аъзои  ИДМ бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей  Лавров иштирок кард. Дар мулоқоти мазкур ҳамчунин Раиси Кумитаи иҷроия - Котиби иҷроияи ИДМ С.Н. Лебедев низ ширкат варзид.

Зимни  мулоқот фаъолияти муштарак дар доираи созмонҳои минтақавии ҳудуди ИДМ дар соли 2021 натиҷагирӣ шуд. Миёни ҷонибҳо андешаҳо оид ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун, инчунин таъмини амнияти минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ низ аз мавзӯъҳои меҳварӣ дар он дидор буд.

Tajikistan-Ambassador-to-Russia-20-01-2022.jpg

Нигористон

Тақвим