Вохӯрии Вазири корҳои хориҷӣ бо Намояндаи вежаи Шӯрои давлатии Чин

03.01.2022 14:11

3 январи 2022  Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Намояндаи вежаи Шӯрои давлатии Ҷумҳурии  Мардумии Чин оид ба масъалаҳои АвруОсиё Ли Хуэйро ба ҳузур пазируфт.

Вохӯрии  мазкур дар остонаи 30-юмин солгарди барқарории  муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва Ҷумҳурии  Мардумии Чин, ки як рӯйдоди муҳим дар таърихи муносибатҳои ду кишвари дӯст мебошад,  баргузор гардид.

Ҷонибҳо дар мулоқот таъкид намуданд, ки  Чин яке аз аввалин кишварҳо буд, ки  4 январи 1992  истиқлолият ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф кард ва ин  имкон дод, то  дар муддати кӯтоҳтарин муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, дӯстона ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи мутақобилан судманд дар соҳаҳои гуногун барқарор карда шаванд.

Онҳо бо қаноатмандӣ  қайд карданд, ки дар давоми се даҳсола муносибатҳои ду кишвари дӯст роҳи тӯлониро тай намуда, пур аз рӯйдодҳои муҳим буданд ва ба шарофати талошҳои муштарак ба сатҳи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ расиданд.

Дар мулоқот ҷонибҳо инчунин масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, зарурати амалисозии тавофуқоти роҳбарони ду кишварро бобати тақвият бахшидани ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Чин дар соҳаҳои мухталиф таъкид намуданд. Ба тавсеа ва таҳкими баъдии робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва илмию техникӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноату энергетика ва фарҳангу маориф таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Инчунин дар масъалаҳои марбут ба тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чин  дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва вазъи амнияти минтақа табодули афкор сурат гирифт.

Сафари Намояндаи вежаи Шӯрои давлатии Ҷумҳурии  Мардумии Чин оид ба масъалаҳои АвруОсиё Ли Хуэй ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯби чорабиниҳо бахшида ба таҷлили 30-юмин солгарди барқарории муносибатҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин бо кишварҳои минтақа баргузор гардид.

IMG-2190.jpg

IMG-2211.jpg

IMG-2205.jpg

 

 

Нигористон

Тақвим