Сафари расмии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Ҳиндустон

18.12.2021 16:35

18 декабри 2021 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар рафти сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Ҳиндустон бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Субраҳманиям Ҷайшанкар мулоқот намуд.

Дар мулоқот вазирони корҳои хориҷӣ масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, зарурати амалисозии тавофуқоти роҳбарони ду кишварро бобати тақвият бахшидани ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Ҳиндустон дар соҳаҳои мухталиф таъкид намуданд. Ҳамчунин ҷонибҳо дар бораи масъалаҳои тавсеа ва таҳкими робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва илмию техникӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноату энергетика ва фарҳангу маориф изҳори назар карданд.

Дар мулоқот инчунин дигар масъалаҳои марбут ба тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва вазъи амнияти минтақа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон барои солҳои 2021-2024 ва Ёддошти тафоҳум байни Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони хизмати дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи дипломатии Сушма Свараҷи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустонро имзо намуданд. 

Deli-11-6483441.jpg

Delji-3-6483441.jpg

Delji-2-6483441.jpg

 

Нигористон

Тақвим