Вохурӣ бо Ноиби Президенти Туркия

16.12.2021 11:09

15 декабри соли 2021 вохурии Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон-Ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ Шералӣ Кабир бо Ноиби Президенти Ҷумҳурии Туркия Фуат Октай дар шаҳри Анқара, баргузор гардид.

Зимни вохурӣ вазъи кунунӣ ва имконияти рушди муносибатҳои Тоҷикистону Туркия, аз ҷумла дар доираи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷонибҳо зарурати танзими мулоқоту музокирот ва тамосҳои сатҳи олиро дар ояндаи наздик таъкид намуда, ҷиҳати густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ иқдоми ташкили бизнес-форуми Тоҷикистону Туркия дар шаҳри Қунияро қобили дастгирӣ шумориданд.

WhatsApp-Image-2021-12-15-at-22-02-25-1.jpeg

WhatsApp-Image-2021-12-15-at-22-02-25.jpeg

 

Нигористон

Тақвим