Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо сафири Ҷопон

15.12.2021 14:02

15 декабри 2021 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаюкӣ Мияшитаро бино ба анҷом ёфтани фаъолияти дипломатиаш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Японияро дар заминаҳои гуногун баррасӣ намуданд.

Дар анҷоми мулоқот Сироҷиддин Муҳриддин ба Такаюкӣ Мияшита барои саҳми назаррас дар таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба изҳори миннатдорӣ намуда, ба мавсуф комёбиҳо дар маъмурияти баъдии дипломатиаш орзу намуд.

IMG-1978.jpg

 

Нигористон

Тақвим