Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб

13.12.2021 13:26

12 декабри 2021 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо Мудири кулли Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб Марвон ал-Ғоним сурат гирифт, ки зимни вохурӣ ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои иқтисодӣ, роҳҳои тавсеаи минбаъдаи онҳо, такмили фазои сармоягузорӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштаракро муҳокима намуданд.

Марвон ал-Ғоним изҳор дошт, ки Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб дар оянда низ дар татбиқи лоиҳаҳои зерсохтории Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки фаъоли худро таъмин менамояд.

1.jpeg

 

Нигористон

Тақвим