Иштирок дар маросими гузоштани санги асоси бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон

09.12.2021 16:27

8 декабри соли 2021 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар доираи сафараи кории худ ҷиҳати иштирок дар Конфронси дуюми вазирони “Италия - Осиёи Марказӣ” дар қолаби С5+1 дар Тошканд ҳамроҳ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода дар маросими ифтитоҳи корҳои сохтмонӣ дар  маҷмааи бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок намуда, барои оғози сохтмони иншооти мазкур санги асос гузоштанд.

Маҷмааи биноҳои нави Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар асоси «Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба мутақобилан ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони биноҳои намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон» дар маркази шаҳри Тошканд, дар масоҳати 1,40 га. бунёд мегардад.

Тибқи лоиҳа маҷмааи биноҳои Сафорат аз қароргоҳи Роҳбари намояндагӣ, бинои консулӣ, хонаҳои истиқоматӣ барои кормандон, толори зиёфат ва маҷлисгоҳ, гузаргоҳҳои назоратӣ, таваққуфгоҳ ва майдончаи варзишӣ иборат аст.

Ин иқдом аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шуда, дар таҳкими дӯстӣ ва рушди ҳамкориҳои дуҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон нақши муҳим мебозад.

photo-Tashkent-yak-2021-12-09-11-41-38.jpg

photo-2021-12-09-11-42-00.jpg

 

 


 

Нигористон

Тақвим