26 ноябри соли 2021 бо мусоидати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими оғози расонидани кӯмаки башардӯстона аз ҷониби Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (БОҶ) ба Афғонистон баргузор гардид.
Кӯмаки мазкур аз 2,500 тонна орди гандумӣ иборат буда, он ба минтақаи Бадахшони Афғонистон тавассути нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон интиқол дода мешавад.
Расонидани кӯмаки башардӯстона дар ҳоле сурат мегирад, ки бо наздик шудани фасли зимистон дастрасии мардуми Афғонистон, ба вежа сокинони минтақаҳои дурдасти кӯҳистон ба озуқа душвор мегардад.
Дар ҳоли ҳозир ҳеҷ як созмон ва давлати кӯмакрасон ба минтақаҳои мазкури Афғонистон дастрасӣ надоранд. Бинобар ин Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки қаламрави худро барои интиқоли ин гуна мавод пешниҳод намояд.