Дар доираи сафари ҳайати Тоҷикистон ба шаҳри Истанбул ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи 37-уми Кумитаи доимамалкунанда оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии Созмони ҳамкориҳои исломӣ (COMCEC) Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия дар ҳамкорӣ бо Шӯрои ҳамкориҳои иқтисоди хориҷии Туркия (DEIK) 25 ноябри соли 2021 вохӯрӣ бо ширкатҳои туркӣ дар шакли “В2G”-ро (тиҷорат бо ҳукумат) ташкил намуд.
Вохурӣ бо иштирок ва суханронии муовини Вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода, муовини Вазири молия Юсуф Маҷидӣ, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов, Муовини котиби генералии ДЕИК Дилек Туна ва Раиси Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Туркияи назди DEIK Ҷаҳонгир Саатчиоглу баргузор гардид. Дар чорабинӣ беш аз 35 ширкати туркӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, телекоммуникатсия, тандурустӣ ва дорусозӣ фаъолияткунанда ширкат варзиданд.
Дар маҷмӯъ, вохурӣ дар фазои ҳусни тафоҳум доир гардида, ҷонибҳо барои дарёфти роҳҳои нави густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, табодули афкор намуданд.