Иштироки Муовини вазири корҳои хориҷӣ дар мулоқоти роҳбарони ҳайатҳои Осиёи Марказӣ ва Шӯрои ҳамкории давлатҳои арабии Халиҷи Форс

13.10.2021 08:30

12 октябри соли 2021 дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳошияи ҷаласаи 6-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (CICA) Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим дар мулоқоти роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Шӯрои ҳамкории давлатҳои арабии Халиҷи Форс (GCC) ширкат варзид.

Дар суханронии худ Фарҳод Салим нишасти мазкурро ҳамчун баёнгари сатҳи баланди робитаҳои сиёсӣ ва эътимод байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва GCC арзёбӣ намуда, идомаи минбаъдаи муколамаро дар чунин сиға ҷиҳати рушди ҳамкориҳо дар самтҳои авлавиятнок дар муносибатҳои дуҷониба, минтақавӣ ва бисёрҷониба муҳим шуморид.

 

Нигористон

Тақвим