4 октябри 2021 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикисон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо Муовини вазири корҳои хориҷии ин кишвар оид ба масъалаҳои ташрифот Зорӣ Аҷрон ал-Аҷрон баргузор гардид.
Зимни мулоқот таҳким ва тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак баррасӣ гардида, пиромуни масъалаҳои муҳимми байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.