Мулоқот бо муовини вазири энергетикаи Қазоқистон

05.10.2021 17:22

5 октябри 2021 дар Нур-Султон вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Х. Ибодзода ва муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Худобахш бо муовини вазири энергетикаи Ҷумҳурии Қазоқистон А. Магаумов баргузор гардид. 

Дар мулоқот инчунин намояндагони Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони ширкатҳои қазоқистонии “КазМунайГаз” ва «Тенгизшевройл» иштирок доштанд.

Ҷонибҳо масъалаҳои рушду тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба, таҳвил додани маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ ба Тоҷикистон, имзои шартномаҳо миёни воридоткунандагони тоҷикистонӣ ва корхонаҳои истеҳсолии қазоқистонӣ дар самтҳои мазкур, инчунин имконияти татбиқи меъёри сифрии хироҷҳои гумрукиро зимни анҷоми амалиёти дахлдори тиҷоратӣ баррасӣ намуданд.

image-05-10-21-04-02-3.jpeg

Нигористон

Тақвим