Мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷӣ бо мудири Маркази пешгирии низоъҳои САҲА

01.10.2021 17:12

1 октябри 2021 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода мудири Маркази пешгирии низоъҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) хонум Туула Юрёларо ба ҳузур пазируфт. 

Дар мулоқот доираи васеи масъалаҳои ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби се ченаки САҲА – низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-муҳитизистӣ ва инсонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 

Мусоҳибон инчунин аҳаммияти тадбирҳои муштаракро алайҳи чолишҳои муосир, аз қабили таъсири ҳамагирии COVID-19 ба иқтисодиёт ва тағйирёбии иқлим таъкид намуданд. Ҷонибҳо ҷаласаҳои Платформаи шарикӣ миёни Тоҷикистон ва САҲА-ро ҳамчун абзори муҳим барои пешбурди муколамаи созанда шуморида, ҷиҳати тавсеаи муносибатҳо ҳавасмандӣ изҳор карданд.

PS7A9552-OSCE-01-10-21.jpg

Нигористон

Тақвим