30 сентябри 2021 вохӯрии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо Намояндаи вежаи навтаъйини Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Тери Хакала баргузор гардид.
Ҷонибҳо перомуни масоили ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар қолабҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ ва раванди татбиқи лоиҳаҳои Иттиҳод дар Тоҷикистон табодули афкор намуданд.