20-27 сентябри соли 2021 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Комиссияи муштараки демаркатсионӣ баргузор гардид.
Дар музокирот корҳои аломатгузорӣ дар хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон баррасӣ гардиданд.
Тарафҳо натиҷаи корҳои саҳроиро дар хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон баррасӣ карда, ба мувофиқа расиданд, ки баҳри омода намудани хатти лоиҳавии демаркатсионӣ корҳоро идома медиҳанд.
Вохӯрии навбатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.
Пас аз анҷоми вохӯрӣ Протокол ба имзо расид.