Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Президенти Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх

22.09.2021 10:36

21 сентябри 2021 дар Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии СММ вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Президенти Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх Петер Маурер баргузор гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба масоили ҳамкории Тоҷикистону Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх, тарҳҳои дар кишвари мо роҳандозишаванда ва мавзӯъҳои амнияту суботи минтақа, вазъи кунунӣ дар Афғонистон, инчунин масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули назар намуданд.

Дар аснои мулоқот С. Муҳриддин зарурати ҳар чӣ зудтар расонидани ёрии фаврии башардӯстонаро аз ҷониби Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ба мардуми Афғонистон, бахусус сокинони водии Панҷшер таъкид кард.

Muloqot-bo-Prezidenti-ICRC-2-21-09-2021.jpg

Нигористон

Тақвим