Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар кушодашавии Мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии СММ

22.09.2021 09:36

21 сентябри 2021 иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии СММ бо Мубоҳисаҳои умумӣ таҳти раисии Президенти тозаинтихоби он Абдулло Шоҳид (намояндаи Малдивҳо) ба кори худ шурӯъ кард.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мубоҳисаҳои умумии иҷлоси Маҷмаи Умумии СММ бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин иштирок дорад.

Дар назар аст, ки дар қатори дигар давлатҳои узви СММ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон перомуни мавзӯъҳои умдаи рӯзномаи ҷаҳонӣ ва роҳҳалҳои он мулоҳизаҳои худро ба таври фосилавӣ низ ироа намоянд.  

Ёдовар мешавем, ки кори иҷлоси Маҷмаи Умумии СММ ҳар сол сешанбеи сеюми моҳи сентябр бо суханрониҳои Дабири кулли СММ, Президенти иҷлоси 76-уми МУ СММ ва роҳбарони давлатҳои Бразилия ва ИМА ба кори худ оғоз карда, то моҳи сентябри соли оянда идома меёбад.

Iftitohi-Mubohisahoi-umumi-21-09-2021-1.jpg

Нигористон

Тақвим