Иштироки Вазири корҳои хориҷӣ дар Муколамаи сатҳи баланд оид ба таъмини амнияти мардуми Афғонистон

22.09.2021 09:14

21 сентябри 2021 дар Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии СММ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо даъвати Канслери Ҷумҳурии Австрия Себастиан Куртс дар Муколамаи сатҳи баланд оид ба таъмини амнияти мардуми Афғонистон, ба вежа занон ва духтарон дар Афғонистон ва минтақа, ки аз ҷониби Намояндагии доимии Австрия дар СММ танзим гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Зимни суханронӣ С.Муҳриддин ба ҳозирин мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар робита ба қазияи Афғонистон тавзеҳ дода, ба аҳаммияти расонидани кӯмаки фаврии башардӯстона ба мардуми Афғонистон ва таъмини ҳуқуқи занону духтарон ба таҳсил, инчунин ташкили ҳукумати фарогир бо ширкати васеи ҳамаи қавму гурӯҳҳои этникӣ, бахусус тоҷикон, ки 46 фоизи аҳолии он кишварро ташкил медиҳанд, таъкид кард.

Ҳамзамон Вазири корҳои хориҷӣ дар суханронии худ ба аҳволи вазнини мардум дар вилояти Панҷшери Афғонистон, ки дар он ҷо Толибон на танҳо ба ҳуқуқвайронкунӣ ва нақзи ҳуқуқи инсон, балки ба зулму шиканҷаи мардум машғуланд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.

Зимнан аз кишварҳои таъсиргузор ва созмонҳои байналмилалӣ даъват ба амал оварда шуд, ки ҳар чи зудтар садди роҳи ин зулму шиканҷа ва беқонуниву беназмиро гиранд ва дар кушодани роҳҳо ҷиҳати расонидани ёрии башардӯстона ба мардуми Панҷшер ва дигар минтақаҳои Афғонистон мусоидат кунанд.

Mukolama-oid-ba-Afghoniston-21-09-2021.jpeg

Нигористон

Тақвим