Мулоқот бо Вазири федеролии Австрия дар умури Аврупо, ҳамгироӣ ва корҳои хориҷӣ

22.09.2021 08:42

21 сентябри 2021 дар Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии СММ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири федеролии Австрия дар умури Аврупо, ҳамгироӣ ва корҳои хориҷӣ Александр Шалленберг мулоқот кард.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои мубрами рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Австрияро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷонибҳо инчунин роҷеъ ба хатару чолишҳои амниятӣ, вазъи кунунӣ дар минтақа ва дигар масъалаҳои қобили таваҷҷуҳ мубодилаи афкор намуданд.

Нигористон

Тақвим