Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Норвегия

22.09.2021 08:30

21 сентябри 2021 дар ҳошияи иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии СММ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Норвегия Ине Мари Эриксен Сюрайде вохӯрӣ намуд.

Дар мулоқот ҷонибҳо масоил ва роҳҳои тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисод ва маориф мавриди баррасӣ қарор доданд.

UN-21-09-2021-2.jpg

Нигористон

Тақвим