Ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Брюссел шумораи вежаи маҷаллаи “Diplomatic World” ба забони англисӣ ба нашр расид.
Дар ин шумораи махсуси маҷалла ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон инъикос гардида, дар ин замина ба дастовардҳои кишвар дар замони Истиқлолият, ҳамчунин нақши афзояндаи кишвар дар арсаи байналмилалӣ аҳамияти махсус дода шудааст.
Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел ба маҷаллаи мазкур ҳусни оғоз бахшидаанд.
Маҷалла ба тарғиби дастовардҳои беназири кишвар дар тӯли 30 соли Истиқлол бахшида шуда, мақолаҳои роҳбарони мақомоти давлатиро дар бар мегирад.
Маҷалла бо аксҳои таҷассумкунандаи зебоиҳои Тоҷикистон ороиш ёфтааст.
Шакли электронии маҷалла дар пайванди зерин дастрас аст:
https://www.yumpu.com/en/document/read/65854094/diplomatic-world-tajikistan