Суҳбати телефонӣ бо Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ

11.08.2021 16:56

11 августи 2021 бо ташаббуси ҷониби саудӣ суҳбати телефонии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ Одил ал-Ҷубайр баргузор гардид.

Ҷонибҳо атрофи вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Арабистони Саудӣ мубодилаи афкор намуда, ҳамкориҳои ду кишварро дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Суҳбат дар фазои созандаи корӣ баргузор гардид.

11-08-21-17-00.jpg


 

Нигористон

Тақвим