Мулоқот бо намояндаи махсуси Вазорати корҳои хориҷии Чин

09.08.2021 18:30

8 августи 2021 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим намояндаи махсуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба масъалаи Афғонистон Юе Сяоюнро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи амният, мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва ҷудоихоҳӣ, инчунин вазъи амнияти минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

IMG-3572-China-08-08-21.jpg

Нигористон

Тақвим