Мулоқоти Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Намояндаи олии СММ оид ба Гурӯҳи кишварҳои кам тараққикарда, кишварҳои тарақикунандаи маҳсур дар хушкӣ ва ҷазиракишварҳои хурди рӯ ба тараққӣ

06.08.2021 16:28

5 августи соли 2021 мулоқоти Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷонибек Ҳикмат бо Намояндаи олии СММ оид ба Гурӯҳи кишварҳои кам тараққикарда, кишварҳои тарақикунандаи маҳсур дар хушкӣ ва ҷазиракишварҳои хурди рӯ ба тараққӣ Куртеней Раттрей доир гардид.

Зимни мулоқот авлавиятҳои кишвар дар Гурӯҳи кишварҳои тарақикунандаи маҳсур дар хушкӣ, инчунин масъалаҳои татбиқи Барномаи амали Вена, барқароршавӣ аз ҳамагирии COVID-19, дастрасии баробар ба ваксинаҳо, такмил ва рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва энергетикӣ, аз ҷумла сохтмони пули энергетикӣ миёни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-1000) ва ҳамкориро ҷиҳати татбиқи қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор, 2018-2028” матраҳ шуданд.

UN-06-08-21.jpg

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Нигористон

Тақвим