Мулоқот бо Муовини вазири корҳои хориҷии Италия

16.07.2021 17:58

16 июли 2021 дар Тошканд дар ҳошияи Конфронси байналмилалии “Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: пайвастшавии минтақавӣ. Мушкилот ва имкониятҳо” вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Италия Манлио ди Стефано баргузор гардид.

Ҷонибҳо ба рушди робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ изҳори ҳавасмандӣ карда, масъалаҳои таҳкими амнияту суботи минтақавӣ ва муборизаи муштарак бо ҳамагири COVID-19-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамсуҳбатон аҳаммияти баргузории чорабиниҳои банақшагирифташудаи дуҷониба дар сатҳи олӣ ва баланд, инчунин тавсеаи ҳамкорӣ дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалиро таъкид карданд.

Sirojiddin-Muhriddin-and-Manlio-di-Stefano 17 07 2021.jpg

Нигористон

Тақвим