Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Кувайт

16.07.2021 17:48

16 июли 2021 дар Тошканд Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳошияи Конфронси байналмилалии “Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: Ҳамбастагии минтақавӣ – чолишҳо ва имкониятҳо” бо Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Шайх Аҳмад Носир ал-Муҳаммад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ  мулоқот намуд.

Дар мулоқот ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Кувайт дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла мубориза аллайҳи терроризму ифротгароӣ, таҳкими амният, сулҳу субот дар минтақа ва вазъи кунунии Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати густариш додани робитаҳо дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории исломӣ изҳор намуданд.

Tashkent-Tajikistan-FM-and-Kuwait-17-07-2021.jpg

Tashkent-Tajikistan-and-Kuwait-17-07-2021-2.jpg

Tashkent-Tajikistan-and-Kuwait-17-07-2021-3.jpg

Нигористон

Тақвим