Вохӯрӣ бо Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Қатар

16.07.2021 17:43

16 июли 2021 дар Тошканд Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳошияи Конфронси байналмилалии “Осиёи Миёна ва Осиёи Ҷанубӣ: Ҳамбастагии минтақавӣ – чолишҳо ва имкониятҳо” бо Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Давлати Қатар Султон бин Саъд ал-Мурайхӣ мулоқот кард.  

Дар мулоқот масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қатар дар соҳаҳои гуногун баррасӣ шуда, пиромуни ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар сурат гирифт.

Ҳамзамон ҷонибҳо масъалаҳои мубориза бо терроризму ифротгароӣ, таҳкими амният, сулҳу субот дар минтақа ва вазъи кунунӣ дар Афғонистонро баррасӣ намуданд.

Tashkent-Tajikistan-and-Qatar-17-07-2021.jpeg

Нигористон

Тақвим